Январ 10, 2018 12:30 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон бо омодагии бештар ба Тоҷикистон меравад

Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ иллати тӯлонӣ шудани замони нахустин дидори расмии раиси ҷумҳурии Узбакистон аз Тоҷикистонро касби омодагии тарафайн барои тавофуқ бар сари масоили бештар зикр кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Никита Мендкович, мудири маркази пажӯҳишии “Бошгоҳи АвруОсиё” натиҷаи ин амрро имзои тавофуқномаҳои бештар миёни сарони ду кишвари ҳамсоя донист.

Вай ба сафари дурӯзаи Абдуллоҳ Орифов, нахуствазири Ӯзбакистон ба Тоҷикистон дар рӯзҳои 10 ва 11-уми январи имсол барои баргузории ду нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва марзӣ ишора кард ва гуфт, ин иқдом заминаи имзои тавофуқномаҳои муҳимеро дар дидори Мирзиёев бо Эмомалӣ Раҳмон дар баҳори имсол дар Душанбе фароҳам мекунад.

Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар соли 2017 борҳо ба чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ сафар кардааст ва акнун бо омодагии зиёде ба Тоҷикистон меравад то ба ихтилофоти беш аз 20 солаи ин ду кишвари ҳамсоя поён диҳад.

Интизор меравад, дар ҷараёни дидори Мирзиёев аз Тоҷикистон, яке аз гузаргоҳҳои муҳими марзии ин ду кишвар миёни шаҳрҳои Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Ӯзбакистон дар водии Зарафшон дубора бозкушоӣ шавад.

Ин гузаргоҳ, ки барои сокинони ин минтақа аз аҳамияти зиёде бархурдор аст, ҳашт сол қабл аз сӯйи мақомҳои Ӯзбакистон дар замони ҳукумати Ислом Каримов ба таври яктарафа масдуд шуда буд.

Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон чанд рӯз қабл эълом кард, ки Абдуллоҳ Орифов, нахуствазири ин кишвар барои омода кардани муқаддамоти сафари расмии вай ба Тоҷикистон меравад.

Шавкат Мирзиёев изҳор дошта буд, дар назар аст қарордодҳои ҳамкории зиёде имзо, масири роҳи оҳани ду кишвар бозкушоӣ ва хутути барқ бори дигар васл шавад.