Судури шиносномаҳои ҳушманд барои нахустин бор дар Осиёи марказӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i28239-Судури_шиносномаҳои_ҳушманд_барои_нахустин_бор_дар_Осиёи_марказӣ
Созмони сабти ҳолатҳои шаҳрвандии Қирғизистон аз оғози содир намудани шиносномаҳои электронӣ ва ҳушманд дар соли 2018 хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 10, 2018 12:07 Asia/Dushanbe
  • Судури шиносномаҳои ҳушманд барои нахустин бор дар Осиёи марказӣ

Созмони сабти ҳолатҳои шаҳрвандии Қирғизистон аз оғози содир намудани шиносномаҳои электронӣ ва ҳушманд дар соли 2018 хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Бишкек, содир кардани ин шиносномаҳо дар чорчуби барномаи "Ҷомеъаи пок" аст ки рақамӣ кардани хадамоти давлатиро дунбол мекунад.

Дастгоҳи махсуси тавлиди шиносномаҳои ҳушманди Созмони сабти  ҳолатҳои шаҳрвандӣ , ки бо ҳимояти молии барномаи тавсеъаи Созмони миллали муттаҳид харидорӣ шудааст, қобилияти таҳияи 300 гузарнома дар соатро дорад.

Давлати Қирғизистон аз апрели соли 2017 амалисозии барномаи "Ҷомеъаи пок"-ро дар пеш гирифтааст.