Январ 10, 2018 15:46 Asia/Dushanbe
  • Узбакҳо беш аз дигар шаҳрвандони Осиёи марказӣ умр мекунанд

Бар асоси натоиҷи як гузориши таҳлилӣ, мардуми Узбакистон аз лиҳози тули умр дар Осиёи марказӣ, дар мақоми аввал қарор гирифтанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Тошканд, бар асоси гузориши таҳлилии "10 руйдоди муҳимтар дар Осиёи марказӣ дар соли 2018" Узбакистон аз лиҳози тули умр дар Осиёи марказӣ дар мақоми аввал қарор гирифт.

Бадин тартиб тули умр дар Узбакистон 73.8 сол, дар Тоҷикистон 73.7 сол, дар Қазоқистон 72.4 сол, дар Қирғизистон 70.9 сол ва дар Туркманистон 70.4 сол аст.

Дар соли 2017 ҷамъияти кишварҳои Осиёи марказӣ аз сатҳи 70 миллион нафар фаротар рафтааст.

Бар асоси ҳирами синнии Созмони миллали муттаҳид, бархе кишварҳои минтақа ба таври мустамар дар ҳоли наздикӣ ба хатти пирӣ мебошанд.

Дар соли 2017 саҳми ҷамъияти миёнсол дар Осиёи марказӣ то 4.9 дарсад афзоиш ёфт.