Январ 11, 2018 13:35 Asia/Dushanbe
  • Имзои протоколҳои ҳамкорӣ дар поёни нишасти комиссияҳои муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Нишасти комиссияҳои муштараки байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар заминаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва аломатгузории марзҳои ду кишвар, бо имзои протоколҳои марбута ба поён расид.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, раёсати ҳайати тоҷикистониро дар ин нишастҳо, ки дар шаҳри  Душанбе баргузор шуд, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва тарафи ӯзбакистониро Абдуллоҳ Орипов, нахуствазири Ӯзбакистон бар ӯҳда дошт.

Дар ҷараёни ин иҷлос тарафайн ба таври возеҳ бар аҳамияти қобили таваҷҷуҳи тавсеаи равобит миёни ду кишвари бародар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷворӣ ишора карданд.

Дар чорчӯби ин иҷлос масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои иқтисод, тиҷорат, ҳамлу нақл, санъат, фарҳанг ва омӯзишу парвариш баррасӣ шуд.

Ҳамчунин тарафайн дастуруламалҳоеро дар заминаи ҳамкориҳои судманди тиҷорӣ, иқтисодӣ, татбиқи тарҳҳои муштараки минтақаӣ ва тавсеаи гуфтугӯҳои фарҳангӣ ва байналмилалӣ мушаххас карданд.

Масоили марбут ба сафари ояндаи Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбакистон ба Тоҷикистон, масоили марбут ба таъйин ва аломатгузории марзҳои ду кишвар, сафарҳои мутақобил ва иқомати шаҳрвандони тоҷик ва ӯзбак дар маҳдудаи кишварҳои якдигар аз ҷумлаи мавзӯоти маврид баррасӣ дар ин нишаст буд.

Нахуствазири Ӯзбакистон ҳамчунин дар ҷараёни сафари худ ба Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.