Январ 11, 2018 13:46 Asia/Dushanbe
  • 2018 ба номи “Соли тавсеаи вилоятҳо” дар Қирғизистон номгузорӣ шуд

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои санаде соли 2018-ро Соли тавсеаи вилоятҳо эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Бишкек, Сооронбой Жеенбеков дар ҳамин иртибот дастуроте ба утоқи вазирон ва мақомоти ниҳодҳои вилоятӣ дод.

Дар матни ин санад муҳимтарин ҳадаф дар соли 2018 гузоштани пояҳои тағйироти ҷиддӣ дар тавсеаи иқтисодӣ- иҷтимоии вилоятҳо эълом шудааст.

 Соли гузашта дар Қирғизистон Соли эмон, фарҳанг ва таърих буд.