Январ 11, 2018 19:41 Asia/Dushanbe
  • Раводиди сафар миёни Тоҷикистон ва Узбакистон лағв мешавад

Манобеи ҳукуматии Тоҷикистон аз тавофуқ бо Узбакистон барои лағви визаи сафари шаҳрвандони ду кишвар, хабар доданд.

Хабаргузории “Азия Плюс” дар хабари фаврӣ эълом кард, ки дар поёни нишасти комиссияҳои муштараки байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбакистон дар заминаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва марзӣ дар Душанбе, дар бораи лағви раводиди сафари шаҳрвандони ин ду ҷумҳурӣ, тавофуқ ба даст омад.

Гуфта мешавад, ки ба зуддӣ бо имзои созишномаи "муқаррароти дуҷонибаи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон", заминаи ҳузури шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсоя, бидуни раводид ба муддати то як моҳ дар қаламрави якдигар фароҳам хоҳад шуд.

Низоми раводид миёни ин ду кишварро ба таври якҷонба давлати Ислом Каримов, раисиҷумҳури пешини Узбакистон дар сол 2000 ҷорӣ карда буд.

Ҳамчунин ду тараф дар заминаи ҳалли ихтилоф бар сари сад ва замини неругоҳи барқӣ обии Фарҳод ба тавофуқ расидаанд.

Бар асоси ин тавофуқ, замине, ки неругоҳи барқӣ обии Фарҳод дар он сохта шудааст, қаламрави Тоҷикистон ва ин ду таъсисот, дороии Узбакистон шинохта мешаванд.

Ба ин тартиб таъмини амнияти сади неругоҳи барқӣ обии Фарҳод бар дӯши Тоҷикистон ва хадамоти фаннии он, бар ӯҳдаи Узбакистон хоҳад буд.

Интизор меравад дар сафари Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон дар айёми Наврӯз, илова бар имзои чанд созишнома дар заминаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, барқ, роҳи оҳан, транзитӣ ва гумрукӣ, яке аз гузаргоҳҳои муҳимми марзии ин ду кишвар, миёни шаҳрҳои Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Узбакистон дар водии Зарафшон бозгушоӣ шавад.