Январ 17, 2018 18:28 Asia/Dushanbe
  • Ислоҳоти дипломатӣ бо ҳадафи иқтисодӣ дар Узбакистон

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар соли 2017, 10 тан аз сафирони ин кишварро ба далели надоштани короии лозим, аз кор барканор кард.

Шавкат Мирзиёев бо ишора ба барканории 10 тан аз суфарои Узбакистон дар Чин, Туркия, Ҷопон ва Малайзия, хостори эҷоди воҳиди вижа дар Вазорати умури хориҷаи Узбакистон бо ҳадафи густариши равобити иқтисодии хориҷӣ, густариши содироту ҷазби сармоягузорӣ ва низ тавсеаи гардишгарӣ ва таъмиқи равобит бо ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ шуд .

Тағйироти анҷомшудаи ахир дар бахши сафоратхонаҳои Узбакистон нишон медиҳад, ки анҷоми ислоҳот дар арсаи сиёсати хориҷӣ аз аҳаммияти зиёде бархурдор аст.

Дар воқеъ, раисҷумҳури Узбакистон қасд дорад, тамомии нерӯҳое, ки аз даврони раёсатҷумҳурии пешин бар сари кор будаанду натавонистаанд худро бо ислоҳоти ҷадид виқф диҳанд, барканор кунад.

Дар айни ҳол, анҷоми тағйирот дар сафоратхонаҳои Узбакистон дар Чину Туркия нишон медиҳад, ки раисҷумҳури Узбакистон аз рақобати қудратҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ғофил набудааст .

Дар воқеъ, барои давлати Тошканд ислоҳоти тадриҷии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ зомини ҳифзи суботу пешгирӣ аз иғтишошоти иҷтимоӣ хоҳад буд.

Шавкат Мирзиёев мероси сангинеро таҳвил гирифтааст, ки дар пушти суботи дохилии Узбакистон, мушкилоти бисёр бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодии ниёзманд ба сармоягузорӣ, афзоиши норизоятии табақаи мутавасситу ҷавонон, равобити печида бо ҳамсоягону фишорҳои рӯ ба афзоиши Маскав, Вашингтон ва Пекин, ки барои тасаллут бар Осиёи Марказӣ байни якдигар рақобат мекунанд, пинҳон шудааст .

Дар сиёсати хориҷии раҳбари ҷадид, тағйири густардаи равияи сиёсати хориҷӣ бо таваҷҷуҳ ба чорчуби ислоҳоти асосии Қонуни асосӣ мадди назар нест, аммо ҳамчунон тавозуни пойдор миёни манофеи қудратҳои бузурги минтақа ва ҷаҳон яъне Русия, Амрико, Чин ва Иттиҳоди Аврупо мадди назар хоҳад буд .

Ин воқеиятро набояд нодида гирифт, ки дар арсаи сиёсати хориҷӣ масоили ҷиддӣ ва печидае дар интизори раҳбарии ҷадиди давлати Тошканд аст.

Аз ҷумла равобити Узбакистон бо кишварҳои ҳамсоя дучори як серӣ аз масоил аст.

Аз як сӯ, рақобат бо Қазоқистон боқӣ монда ва аз сӯи дигар, нухбагони узбак аз Мирзиёев ба сурати қотеъ мехоҳанд, ки сиёсати хориҷии Узбакистонро дар муносибот бо давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз мавзеи бартар пеш бубарад.

Албатта Мирзиёев низ ба хубӣ дарк мекунад, ки чунин бартарӣ шарти илзомии ҳифзи мавқеияти муносиб дар таомулоти Тошканд бо бозигарони бузурге назири Пекин, Вашингтон ва Маскав хоҳад буд .