Назарбоев: 80 дарсади сармоягузории хориҷии минтақа ба Қазоқистон тааллуқ дорад
(last modified Fri, 19 Jan 2018 16:37:20 GMT )
Январ 19, 2018 21:37 Asia/Dushanbe
  • Назарбоев: 80 дарсади сармоягузории хориҷии минтақа ба Қазоқистон тааллуқ дорад

Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, бахши зиёде аз сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иқтисоди Қазоқистон ихтисос ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Нурсултон Назарбоев дар нишасти матбуотӣ гуфт, тайи 25 соли гузашта сармоягузорони хориҷӣ ҳудуди 300 миллиард доллар дар иқтисоди Қазоқистон сармоягузории мустақим кардаанд, ки ин маблағ 80 дарсади кулли сармоягузориҳо дар минтақаро ташкил медиҳад. Ӯ ба эъломи омодагии як ширкати амрикоӣ барои тавсеаи майдонҳои “Тенгиз” ба маблағи 35 миллиард доллар ишора карда афзуд, дар тавсеаи майдони коргоҳҳо 55 миллиард доллар ҳазина шудааст. Раисҷумҳури Қазоқистон идома дод, зимнан ширкати «Ҷенерал электрик» ва ширкатҳои дигар низ вориди бозори ин кишвар шуда, сармоягузории зиёде кардаанд.

Раисҷумҳури Қазоқистон дар идома бо ишора ба аҳамияти ҳаллу фасли даргириҳои Украина, Сурия ва ҳамчунин барқарории равобити Русия ва Амрико хотирнишон кард, сиёсатҳои сулҳомез ва даст кашидан аз силоҳи ҳастаӣ ба Қазоқистон имкони ба даст овардани эътимоди сармоягузоронро фароҳам кард. Назарбоев изофа кард, агар Остона аз силоҳи ҳастаӣ даст намекашид, имрӯз ин кишвар тақрибан монанди Кореяи Шимолӣ буд.

Дар таърихи якуми январи соли ҷорӣ Қазоқистон барои нахустин бор раёсати Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро бар уҳда гирифт.