Январ 24, 2018 15:17 Asia/Dushanbe
  • Ӯзбакистон мизбони музокироти сулҳи Афғонистон

Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон мизбони нишасти минтақаии гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон дар моҳи ояндаи мелодӣ хоҳад буд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Ӯзбакистон гуфт, ин нишаст байни давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон ва гурӯҳҳои мухолифи давлати ин кишвар барои расидан ба сулҳ дар миёни афғонистониҳо баргузор мешавад.

Вай афзуд, музокироти сулҳ бояд бидуни ҳеч пешшарт ва бо ҳузури мақомоти Созмони Милал баргузор шавад.

Пеш аз ин, чандин давра аз нишастҳои чандҷониба байни кишварҳои минтақа ва Афғонистон бо мавзӯи сулҳ баргузор шуда буд, аммо то кунун натиҷаи қобили мулоҳизае надоштааст.

Афғонистон ва Ӯзбакистон тавофуқ карданд то нишастеро таҳти унвони “Афғонистон дар масири сулҳ” дар сатҳи вазирони кишварҳои минтақа дар моҳи ояндаи мелодӣ дар пойтахти Ӯзбакистон баргузор кунанд.