Январ 28, 2018 15:48 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон заминҳои Ашти Тоҷикистонро сероб мекунад

Аз ин пас оби лозим барои обёрии заминҳои ҳосилхези ноҳияи Ашти Тоҷикистон дар фасли замистон, аз тариқи канали Фарғона аз Узбакистон мунтақил мешавад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт дар як нишасти матбуотӣ эълом кардааст, бар ин асос бо ҳамкории давлати Узбакистон, шаш километр аз канали Фарғона, лойрубӣ шудааст.

Ба гуфта вай, интиқоли об ба ноҳияи Ашт ба ин равиш аз авохири соли 2017 сурат гирифтааст.