Узбакистон заминҳои Ашти Тоҷикистонро сероб мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i29151-Узбакистон_заминҳои_Ашти_Тоҷикистонро_сероб_мекунад
Аз ин пас оби лозим барои обёрии заминҳои ҳосилхези ноҳияи Ашти Тоҷикистон дар фасли замистон, аз тариқи канали Фарғона аз Узбакистон мунтақил мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 28, 2018 12:18 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон заминҳои Ашти Тоҷикистонро сероб мекунад

Аз ин пас оби лозим барои обёрии заминҳои ҳосилхези ноҳияи Ашти Тоҷикистон дар фасли замистон, аз тариқи канали Фарғона аз Узбакистон мунтақил мешавад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт дар як нишасти матбуотӣ эълом кардааст, бар ин асос бо ҳамкории давлати Узбакистон, шаш километр аз канали Фарғона, лойрубӣ шудааст.

Ба гуфта вай, интиқоли об ба ноҳияи Ашт ба ин равиш аз авохири соли 2017 сурат гирифтааст.