Январ 30, 2018 12:06 Asia/Dushanbe
  • Ислом Каримов дар талош барои паноҳанда шудан ба Бритониё

Набераи 25 солаи раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, ки ҳамчун ӯ Ислом Каримов ном дорад қасд дорад аз ҳукумати Бритониё паноҳандагии сиёсӣ бигирад.

Ба гузориши  бахши узбакии ББС, ин хабар рӯзи 29 январ дар остонаи ҳаштодумин солгарди таваллуди Ислом Каримов-раиси ҷумҳури пешини Узбакистон ки имрӯз 30 январ аз он таҷлил мешавад, эълом шуд.

Бар асоси ин гузориш як манбаи наздик ба вакили Ислом Каримов- писари Гулнора Каримова ба ББС-и узбакӣ гуфтааст, ки набераи раиси ҷумҳури пешини Узбакистон аз давлати Бритониё паноҳандагии сиёсӣ тақозо кардааст.

Ислом Каримови ҷавон, ки акнун 25 сол дорад ва дар Лондон зиндагӣ мекунад рӯзи 20 декабри 2017 низ дар суҳбат бо ББС талош барои гирифтани  паноҳандагии сиёсӣ аз Бритониёро тасдиқ карда буд.

Ӯ гуфта буд дар ҳоли тай кардани мароҳили қонунӣ барои гирифтани паноҳандагӣ дар Бритониё аст, зеро дар мавриди вазъияти модараш тағйироте ҷиддӣ дар пеш аст.

Ин гузориш меафзояд вакили Ислом Каримов ба ӯ тавсия кардааст, ки аз Амрико паноҳандагӣ бигирад, аммо Каримов Бритониёро интихоб кардааст.

Набераи раиси ҷумҳури фақиди Узбакистон аз замоне ки модараш дар ин кишвар таҳти таъқиб қарор гирифтааст дар Бритониё зиндагӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки ӯ дар соли 2016 пас аз даргузашти бобояш гуфта буд, ки аслан қасди гирифтани паноҳандагии сиёсиро надорад.