Январ 30, 2018 14:47 Asia/Dushanbe
  • Сармои камсобиқа дар Осиёи Марказӣ+акс

Сармои камсобиқа дар аксари манотиқи Осиёи Марказӣ нобасомониҳоеро ба дунбол доштааст.

Дамои ҳаво дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то 30 дараҷа зери сифр коҳиш ёфта, муҷиботи ташвишу нигаронии мардум ва мақомоти ин кишварҳоро фароҳам овардааст.

Дар Қазоқистон сармо ҷони 223 нафарро гирифтааст .

Ин сармо, ки дар 30 соли гузашта бесобиқа аст, хисорати зиёде ба рӯстоҳо, боғҳо ва мазрааҳо зада ва бисёре аз ҳайвонот низ дар биёбонҳои ин кишвар ях задаанд .

Дамои ҳаво дар Алмаато 29 дараҷа зери сифр ва дар Остона, пойтахти Қазоқистон 26 дараҷа зери сифр аст .

Дар Хуҷанди Тоҷикистон низ сармову яхбандон боиси қатъи об дар бархе аз апартаментҳо шудааст .

Сармо дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон ҳам муҷиби ихтилол дар кори маркази гармирасонӣ шудааст .

Пеш аз ин, расонаҳо аз марги 15 шаҳрванди Қирғизистон дар асари шиддати сармо хабар дода буданд .

Сокинони ноҳияи Чорҷуи Туркманистон ҳам аз қатъи газ дар хонаҳои худ ибрози норизоятӣ карда, хостори расидагии фаврӣ ба ин вазъ шудаанд .

Пешбинӣ мешавад, дар чанд рӯзи оянда низ дар саросари Осиёи Марказӣ авзои номусоиди ҷавӣ барқарор бошад .

Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption