Январ 31, 2018 14:03 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти калидӣ дар сохторҳои қудратии Ӯзбакистон

Лаҳазоте пеш манобеи хабарӣ аз тағйироти муҳим ва калидӣ дар сохторҳои қудратии Ӯзбакистон хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, имрӯз Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон яке аз кӯҳнакортарин ва қудратмандтарин мақомҳои ҳукумати ин кишвар - Рустам Иноятовро аз мақоми раиси Хадамоти амнияти миллӣ барканор ва Ихтиёр Абдуллоевро ҷойгузини вай кард.

Ихтиёр Абдуллоев пеш аз ин додситони кулли Ӯзбакистон буд.

Дар идомаи ин тағйирот, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон мушовири аршади худ Отабек Муродовро ба унвони додситони кул мансуб кард.

Гуфтанӣ аст, Рустам Иноятов дар даврони раҳбарии 23 солаи худ ба Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон, ин ниҳодро ба яке аз қавитарин ва махуфтарин сохтор дар сатҳи Шӯравии собиқ табдил дода буд.

Бад-ин тартиб, Шавкат Мирзиёев бо барканории Рустам Иноятов аз охирин кадри қавии бозмонда аз замони Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон раҳоӣ ёфт.