Мамнуияти баргузории маросими ақду издивоҷ хориҷ аз маконҳои мазҳабӣ дар Қазоқистон
Вазорати умури дини Қазоқистон аз эҳтимоли мамнуияти баргузории маросими ақду издивоҷ хориҷ аз маконҳои мазҳабӣ дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, вазири умури дини Қазоқистон гуфт, бар асоси бархе тағйирот дар қонуни асосии ин кишвар, баргузории маросими ақду издивоҷ хориҷ аз маконҳои мазҳабӣ мамнуъ мебошад.
Нурлан Урмакбоев афзуд, издивоҷи ғайриқонунӣ, аз ҷумла издивоҷ бо духтарони ноболиғ умдатан дар миёни намояндагони ҷараёнҳои мухарриб ва берун аз маконҳои динӣ сурат мегирад.
Вай гуфт, ин издивоҷҳо ҳамчунин метавонанд ба содагӣ ва ба таври шифоҳӣ аз сӯйи мардони тарафдори ҷараёнҳои ифротӣ баста ва ё бекор шаванд.
Ин мақоми қазоқ гуфт, дар натиҷаи бекор кардани издивоҷ ба таври ғайрирасмӣ, занони ҷавон бо бачаҳои ноболиғи худ ва бидуни харҷ танҳо мемонанд.
Коршиносон бо ҳимоят аз пешниҳоди Вазорати умури дини Қазоқистон дар ин хусус муътақиданд, чунин иқдоме барои ҷилавгирӣ аз издивоҷ бо духтарони ноболиғ ва нақзи ҳуқуқи занон зарурӣ аст.