Феврал 04, 2018 14:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳафт кишвар дар сафи бекор кардани раводид бо Узбакистон

Узбакистон аз 10-уми феврали соли равон барои шаҳрвандони ҳафт кишвари хориҷӣ раводид(виза)ро бекор мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Тошканд, аз 10-уми феврали соли равон шаҳрвандони Индонезия, Корияи ҷанубӣ, Малайзия, Сангопур, Туркия ва Ҷопон ба муддати 30 рӯз бидуни дарёфти виза метавонанд ба Узбакистон сафар кунанд.

Илова бар ин режими бидуни раводид барои халабони ҳавопаймоҳои ширкатҳои хориҷӣ, ки ба сурати муназзам ба ин кишвар парвоз мекунанд низ қобили иҷро аст.

Ин иқдом пас аз дастури Шавкат Мирзиёев- раиси ҷумҳурии ин кишвар дар бораи эҷоди шароити муносиб барои тавсеаи потенсиали гардишгарии ҷумҳурии Узбакистон дар назар гирифтааст.

Бадин тартиб теъдоди куллии кишварҳое, ки барои шаҳрвандони онҳо режими бидуни раводид иҷро мешавад ба 16 кишвар мерасад.