Феврал 10, 2018 10:14 Asia/Dushanbe
  • Ӯзбакистон роҳи оҳани тахрибшуда бо Тоҷикистонро бозсозӣ мекунад

Мақомоти давлатӣ дар Душанбе эълом карданд, Ӯзбакистон кори бозсозии шохаи тахрибшудаи роҳи оҳан миёни вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёро оғоз кардааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, ин мақомот мегӯянд, бо бозсозии бахше аз қитъаи тихрибшудаи роҳи Қӯрғонтеппа - маркази вилояти Хатлон дар Тоҷикстон ва шаҳри Тирмиз - маркази вилояти Сурхондарё дар Ӯзбакистон, ҳаракати қаторҳо дар ин масир дубора аз сар гирифта мешавад.

Интизор меравад дар рӯзҳои дидори Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон аз Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ ҳаракати қаторҳо дар ин масир дубора аз сар гирифта шавад.

Дар нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, тарафайн дар бораи ҳаракати дубораи қаторҳо дар ин масир ба тавофуқ расиданд ва акнун кори бозсозии бахши тахрибшудаи ин роҳ оғоз шудааст.

Бо оғози амалиёти тармим ва бозсозии бахши тахрибшудаи роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, ҳаракати қаторҳо дар ин бахш дубора аз сар гирифта мешавад.

Тахриби ин бахш аз роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, ки дар соли 2012 аз сӯйи давлати Тошканд вайрон шуд, муҷиби таваққуфи тӯлонии 321 вагони бории Тоҷикистон дар ин масир ва боиси фасоди бархе аз маҳсулот ва колоҳои воридотӣ шуд.

Тахриби ин масир ҳамчунин муҷиби гаронии қимати маҳсулот дар ҷануби Тоҷикистон ва масдуд шудани масири содироти колоҳои вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар низ шуд.

Бо рӯйи кор омадани давлати Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбакистон, ки сиёсати танишзудоӣ бо кишварҳои ҳамсояро дар пеш гирифтааст, нишонаҳои беҳбуди равобити Душанбе ва Тошиканд қобили мушоҳида аст.

Ҳамчунин давлати Ӯзбакистон барои нишон додани ҳусни нияти хеш дар заминаи беҳбуди равобит бо Тоҷикистон тахфифи 30 то 50 дарсадӣ барои ҳамлу нақли коло ва маҳсулоти тоҷикистонӣ аз тариқи роҳи оҳани худ ироа кардааст.