Душвор будани иттисоли хутути барқи Қирғизистон ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 13 Feb 2018 05:36:52 GMT )
Феврал 13, 2018 10:36 Asia/Dushanbe
  • Душвор будани иттисоли хутути барқи Қирғизистон ба Тоҷикистон

Мудири гурӯҳи иҷроии тарҳҳои ширкати давлатии барқи Қирғизистон муътақид аст, иттисоли хутути барқи ин кишвар ба Тоҷикистон дар чорчӯби тарҳи “КАСА – 1000” бо печидагиҳои зиёди зистмуҳитӣ ҳамроҳ мебошад.

Ба гузориши “Спутник”, Рустамбек Раҳимқулов бо ишора ба сохти хати 500 киловатии иттисоли барқи Қирғизистон ба Тоҷикистон дар чорчӯби тарҳи “КАСА – 1000” гуфтааст, ки ин масир бояд дар кӯҳистонҳои миёни вилоятҳои Ботканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон сохта шавад, ки сахраҳо (шах)-и бузурги зиёде дорад.

Вай гуфтааст, ки хати ҷадиди интиқоли барқи 500 киловатии Қирғизистон ба Тоҷикистон, мавсум ба Додхоҳ – Хуҷанд барои иттисол ба тарҳи “КАСА – 1000” аз манотиқе убур мекунад, ки рустоҳои мавриди ихтилофи се кишвари Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон дар он воқеъ шудаву бояд сохти ин хат хориҷ аз ин рустоҳо бошад, зеро ин манотиқи марзии мавриди ихтилоф дар водии Фарғона ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.

Хати “КАСА – 1000” заминаи интиқоли барқи изофии тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистону Қирғизистонро дар фасли гармо ба Афғонистону Покистони фароҳам хоҳад кард.

Тоҷикистон ва Қирғизистон шаш моҳ аз сол метавонанд наздик ба панҷ миллиард киловатт соат барқро аз тариқи хати “КАСА – 1000” ба Афғонистону Покистон мунтақил кунанд.

Ҳазинаи сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад, беш аз як миллиард доллар баровард шудааст.

Саҳми Тоҷикистон дар сохти ин тарҳ 314 миллион доллар, саҳми Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион доллар хоҳад буд.