Феврал 13, 2018 13:34 Asia/Dushanbe
  • Дархостҳо барои бозгашти раҳбари мухолифони Ӯзбакистон

Намояндагони маҳофили фарҳангии Ӯзбакистон бо интишори номае аз раиси ҷумҳурии ин кишвар хостанд, муҷаввизи бозгашти Муҳаммад Солеҳ, раҳбари мухолифонро ба ватан содир кунад.

Матни ин номаро нависандаи ӯзбак Нуруллоҳ Муҳаммадрауфхон дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мунташир кардааст.

Дар ин нома зикр шудааст, ки аҳли фарҳанги Ӯзбакистон бо истиқбол аз ислоҳоти раҳбарии ҷадиди кишвар муътақиданд, бозгашти Муҳаммад Солеҳ метавонад як иқдоми муҳим дар таърихи Ӯзбакистон шумурда шавад.

Зери ин нома беш аз 200 тан аз аҳли қалами Ӯзбакистон имзо гузоштаанд.

Имзокунандагони нома аз Муҳаммадсолеҳ ба унвони шоири саршиносу сиёсатмадори ватандӯст ёд кардаву эълом кардаанд, ки ӯ акнун 25 сол аст, ки дар ғурбат ба сар мебарад.

Соли Муҳаммадаминов, маъруф ба Муҳаммад Солеҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон дар соли 1991 танҳо рақиби Ислом Каримов буд.

Вай дар соли 1993 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан маҳкум ба зиндон шуд ва ба дунболи озодии машрут аз зиндон, таҳти фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хориҷ фирор кард.

Дар ҳоли ҳозир Муҳаммад Солеҳ дар Туркия зиндагӣ мекунад ва раҳбарии ҷараёни мухолифи Ҳаракати мардумии Ӯзбакистонро ба ӯҳда дорад.

Гуфтанӣ аст, ба дунболи марги Ислом Каримов ва рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев шумори зиёде аз мухолифони давлати Ӯзбакистон аз зиндонҳо озод шуда ё аз хориҷ ба ватан бозгаштаанд.