Феврал 14, 2018 12:54 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи 300 долларӣ барои тавҳин дар фазои маҷозӣ дар Қирғизистон

Пешниҳоди ҷаримаи 300 долларӣ кардан барои навиштаҳои тавҳиномез дар фазои маҷозӣ, бо аксарияти оро дар парлумони Қирғизистон тасвиб шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Бишкек, Кумитаи умури иҷтимоӣ, омӯзиш, улум, фарҳанг ва беҳдоштии парлумони Қирғизистон ин пешниҳодро додааст.

Бо вуҷуди ин ки бархе аз аъзои ин кумита ин тағйирот дар қонуни асосиро сензура хондаву бо он мухолифат кардаанд, аммо боз ҳам бо аксарияти оро тасвиб шудааст.

Фаъолият дар фазои маҷозӣ дар Қирғизистон дар чорчӯби қонуни асосӣ аст ва барои ҳар гуна қонуншиканӣ парвандаҳои қазоӣ ташкил ва сафҳаҳову сайтҳои бо муҳтавои ифротӣ блок мешаванд.

 60 дарсад аз мардуми Қирғизистон аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунанд.