Назари узбакистониҳо дар бораи ҳампаймонӣ бо Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i29979-Назари_узбакистониҳо_дар_бораи_ҳампаймонӣ_бо_Тоҷикистон_дар_мубориза_бо_терроризм
Натиҷаи назарсанҷии як маркази афкорсанҷии умумӣ дар Узбакистон нишон дод, шаҳрвандони ин кишвар дар мубориза бо терроризм, ба тартиб Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Амрикоро ҳампаймон медонанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 14, 2018 22:27 Asia/Dushanbe
  • Назари узбакистониҳо дар бораи ҳампаймонӣ бо Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм

Натиҷаи назарсанҷии як маркази афкорсанҷии умумӣ дар Узбакистон нишон дод, шаҳрвандони ин кишвар дар мубориза бо терроризм, ба тартиб Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Амрикоро ҳампаймон медонанд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, 72 дарсади шаҳрвандони Узбакистон изҳор доштаанд, ки Русия ҳампаймони аслии Узбакистон дар мубориза бо терроризм мебошад .

42 дарсади узбакистониҳо кишвари Қазоқистон ва 29.5 дарсади онҳо Қирғизистонро дигар кишварҳои ҳамкори Узбакистон дар мубориза бо терроризм ном бурданд.

 22дарсад аз шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистонро низ яке аз кишварҳое донистаанд, ки метавонад дар мубориза бо терроризм кумак кунад .

Ҳамчунин ба ақидаи 12.6 дарсади шаҳрвандони Узбакистон, ин кишвар бояд дар мубориза бо терроризм равобити мутақобили худро бо Амрико маҳкам кунад .