Ихтилофи марзӣ байни Узбакистон ва Қирғизистон боло гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i3003-Ихтилофи_марзӣ_байни_Узбакистон_ва_Қирғизистон_боло_гирифт
Узбакистон ба тозагӣ як минтақаи мавриди ихтилоф дар марзи ин кишвар бо Қирғизистонро ҷузъи қаламрави худ эълом ва 4 шаҳрванди қирғизро дар ин минтақа боздошт кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 26, 2016 19:14 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофи марзӣ байни Узбакистон ва Қирғизистон боло гирифт

Узбакистон ба тозагӣ як минтақаи мавриди ихтилоф дар марзи ин кишвар бо Қирғизистонро ҷузъи қаламрави худ эълом ва 4 шаҳрванди қирғизро дар ин минтақа боздошт кардааст.

Ба гузориш хабаргузории "Форс", расонаҳои ӯзбак бо истинод ба Вазорати дохилаи Узбакистон иддао карданд, кӯҳи Унгар-Тоо, ки дар манотиқи марзии мавриди ихтилофи ин кишвар бо Қирғизистон воқеъ шудааст, ҷузъи хоки Узбакистон маҳсуб мешавад.

Бар асоси ин гузориш, ин 4 шаҳрванди қирғиз дар боздоштгоҳ қарор доранд ва бархурд бо онҳо бар пояи қавонини Узбакистон сурат хоҳад гирифт.

Иддаои Узбакистон барои тасоҳуби ин минтақа дар ҳоле аст, ки то кунун даргириҳои шадиде дар манотиқи марзӣ, байни марздорони ин кишварҳо сурат гирифтааст.

Мақомоти Қирғизистон изҳор доштаанд, музокира бо Тошканд барои раҳоии ин 4 шаҳрванди қирғиз, ки аз кормандони радио ва телевизиони ин кишвар будаанд, идома дорад.

Дар пайи танишҳои ахир, Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон аз давлати ин кишвар хостааст то тавофуқномаи марзиро, ки раҳбарони собиқи Қирғизистон имзо кардаанд, дубора баррасӣ кунанд.

Пас аз истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин кишварҳо бо якдигар дучори ихтилофоти марзӣ шуда ва ҳанӯз ба сурати амалӣ ба натиҷа нарасидаанд.