Таъкиди Қазоқистон бар ҳимоят аз таъйини сарнавишти миллати Фаластин
Феврал 21, 2018 09:44 Asia/Dushanbe
Намояндаи доими Қазоқистон дар Созмони Милал бар ҳимоят аз таъйини сарнавишти миллати Фаластин аз тарафи фаластиниён таъкид кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Кайрат Умаров сешанбешаб дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал барои баррасии ояндаи сулҳ дар Ховари Миёна эълом кард, миллати Фаластин бояд худ сарнавишти худро таъйин кунад ва касе наметавонад сарнавишташонро ба онҳо таҳмил кунад.
Кайрат Умаров зимни таъкид бар ҳифзи вазъияти таърихии Қудс ба унвони сарзамини фаластиниён афзуд, бояд ҳамаи тарафҳо барои барқарории сулҳ ва тақвияти он дар сарзамини Фаластин талош кунанд.
Барчасп