Феврал 22, 2018 12:48 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шӯрои тиҷоратӣ таъсис мекунанд

Раиси Утоқи бозаргонӣ ва саноеи Ӯзбакистон гуфт, дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон, нахустин нишасти Шӯрои тиҷоратии ду кишвар баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши «Спутник», шӯрои тиҷорати Тоҷикистон ва Ӯзбакистон муташаккил аз корфармоён ва корофаринон, намояндагони вазоратхонаҳо, идорот, мақомоти давлатӣ ва утоқҳои бозаргонӣ ва саноеи ду кишвар хоҳад буд.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар ҳамин иртибот ба хабарнигорон гуфтааст: «Қасди мо дар шӯрои тиҷоратии ду кишвар тарҳ ва баррасии масоиле аст, ки имрӯз корфармоён бо онҳо мувоҷеҳанд».

Дар баҳси шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тарафи тоҷик қасд дорад ҳудуди 15 миллион доллар қарордодҳои содиротӣ ва воридотӣ ба имзо бирасонад.

Бо ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев пас аз марги Ислом Каримов дар соли 2016, ду ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбакистон ва Тоҷикистон раванд пуршитоберо дар равобити ду кишвар дар пеш гирифтаанд.

Бар асоси гузориши хадамоти матбуотии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари расмии раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Душанбе дар авоили фасли баҳор сурат мегирад.