Феврал 23, 2018 19:05 Asia/Dushanbe
  • Ҷомӣ ва Навоӣ ба Самарқанд бозмегарданд

Бо оғози раванди беҳбуди робитаҳои сиёсии Душанбе-Тошканд бори дигар пайкараҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ дар шаҳри Самарқанд гузошта мешаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, пайкараҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ, ки дар соли 2009 ва ба думболи таниш дар равобити Узбакистон-Тоҷикистон канда шуда буд, дар ояндаи наздик дубора гузошта хоҳанд шуд.

  Пайкараҳои Ҷомӣ ва Навоиро соли 1970 муҷассамасозони узбак аз санги мармари сурх сохтаанд.

 Пайкараҳои ин ду шоири бузурги форсисарои қарни 15 рӯ ба рӯи парки Навоӣ дар чорраҳаи  хиёбонҳои Амир Темур ва Абдурраҳмони Ҷомии шаҳри Самарқанд гузошта хоҳад шуд.

Қомат барафрохтани  дубора ин ду пайкара дар остонаи нахустин сафари расмии Шавкат Мирзиёев- раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон иқдоми намодин дар чорчуби тақвияти равобити ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ мешавад.