Феврал 25, 2018 11:09 Asia/Dushanbe
  • Гузаргоҳҳои марзии Узбакистон ва Тоҷикистон бозсозӣ мешаванд

Давлати Узбакистон тасмим гирифта фаъолияти бархе гузаргоҳҳои марзии воқеъ дар марзи давлатии Узбакистон ва Тоҷикистонро, бозсозӣ ва муҷаддадан фаъол кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Тошканд, бар асоси гузориши Вазорати додгустарии Узбакистон, дар ояндаи наздик гузаргоҳи заминии Ҷартеппа дар вилояти Самарқанд ва Кушкент ва Учтурган дар вилояти Ҷиззах бозсозӣ мешаванд.

Ҳамчунин бозсозии гузаргоҳи Ҳавастобод дар вилояти Сирдарё, Бекобод дар вилояти Тошканд, Поп дар вилояти Намангон, Равот дар вилояти Фарғона ва Гулбаҳор дар вилояти Сурхандарё низ дар дастури кор аст.

Илова бар ин, мақомоти ин кишвар ҳамчунин мусаммам ҳастанд гузаргоҳи рейлии Амузангро низ бозсозӣ кунанд.

Ширкати “Узбекистон Темир йуллари” муваззаф шуда, то аввали марти соли ҷории милодӣ бахши узбакии қисмати роҳи оҳани «Ғалаба- Ҳошадӣ»-ро бозсозӣ ва як гузаргоҳ убури ҳам эҳдос кунад.

Дар вилояти Самарқанд низ гузаргоҳи ҷадиде ифтитоҳ мешавад.

Пеш аз ин байни Узбакистон ва Тоҷикистон ихтилофоти мухталифе дар заминаи таъйин ва аломатгузории марзҳои давлатӣ вуҷуд дошт, аммо бо ба қудрат расидани Мирзиёев, беҳбуди равобит бо ҳамсояҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон дар аввлавияти сиёсати хориҷии ин кишвар қарор гирифт.

Раисиҷумҳури Узбакистон моҳи марти соли ҷории милодӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад.