Таъйиди хабари боздошти додситони кулли собиқи Узбакистон ба иттиҳоми фасоди молӣ
Дафтари додситони кулли Узбакистон хабари боздошти Рашид Қодиров, додситони кулли собиқи ин кишварро ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ, пулшуӣ, сӯиистифода аз мансаб ва порахӯрӣ, таъйид кард.
Ба гузориши “Reuters”, Қодиров рӯзи ҷумъа 23 феврал бар асоси Кодекси ҷиноиву мурофиавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастгир шуд ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад.
Аз замони ба қудрат расидани Шавкат Мирзёев дар авохири соли 2016, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Рашид Қодиров аввалин парванда дар ин навъ, алайҳи як мақоми аршади давлати собиқи Узбакистон башумор меравад.
Рашид Қодирови 66 сола, мутаваллиди вилояти Андиҷони Узбакистон ва донишомӯхтаи риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи Тошканд аст.
Ӯ, ки дар боздошт басар мебарад, қабл аз онки дар соли 2015 қозии додгоҳи Қонуни асосии Узбакистон шавад, ба муддати 15 сол додситони кулли ин кишвар буд.
Ӯ соли гузашта аз мақоми қозии додгоҳи Қонуни асосӣ канорагирӣ кард.
Қодиров ба унвони яке аз сарватмандтарин ва бонуфузтарин афроди Узбакистон шинохта мешуд.