Феврал 27, 2018 19:14 Asia/Dushanbe
  • 12 рӯз таътилоти наврӯзӣ дар Узбакистон

Мардуми Узбакистон аз Наврӯзи 2018 ба баъд, ба муносибати ин ҷашн 12 рӯз таътил хоҳанд буд.

Ба гузориши Форс, мақомоти Узбакистон бо афзудани панҷ рӯзи ба таътилоти соли гузашта, Наврӯзи имсолро 12 рӯз таътил хоҳанд кард.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон 28 декабри 2017 фармонеро имзо кард, ки ба муҷиби он ба таътилоти Наврӯз панҷ рӯз изофа мешавад.

Мардуми Узбакистон ҳамчун мардуми дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз раҳоӣ аз султаи Шӯравӣ ва ба баракати истиқлол, ҳар сол Наврузро ба унвони яке аз муҳимтарин ҷашнҳои худ гиромӣ медоранд.