Боздошти шаҳрвандони Қирғизистон ба иттиҳоми қочоқи силоҳ дар Амрико
Март 01, 2018 18:57 Asia/Dushanbe
Ду шаҳрванди Қирғизистон ба иттиҳоми қочоқи силоҳ ба минтақаи Қафқози Русия, дар устони Вирҷинияи Амрико боздошт шуданд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Бишкек, Таниз Садиқов ва Элдор Резвонови 27 ва 28 сола, дар ҳоли интиқоли 100 адад силоҳи мухталиф ба минтақаи Қафқоз, аз ҷумла Чечен буданд.
Тибқи қавонини иёлати Вирҷиния, муттаҳамин ба қочоқи силоҳ ба 20 соли зиндонӣ, маҳкум мешаванд.