Март 03, 2018 21:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати ДИИШ-иҳои Осиёи Марказӣ дар Афғонистон

Мақомоти устони Ҷузҷон, дар шимоли Афғонистон аз ҳалокати 27 ДИИШ-ии зодаи кишварҳои Шӯравии собиқ, ба шумули Тоҷикистон хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи “Фарғона”, афзӯн бар зодагони Тоҷикистон, шуморе аз ҷангҷӯёни русӣ ва узбакистонӣ низ бар асари амалиёти неруҳои давлатии Афғонистон дар шаҳристон Дарзоби устони Ҷузҷон, кушта шудаанд.

Полковник Муҳаммадҳаниф Ризоӣ, фармондеҳи типи 209-и артиши Афғонистон мавсум ба "Шоҳин", перомуни ин амалиёт гуфтааст, ки баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта, гурӯҳе аз ДИИШ-иҳои тозанафс, аз ҷумла аъзои хориҷии ин гурӯҳи террористӣ-такфирӣ бо муҷаҳҳаз шудан ба камарбандҳои инфиҷорӣ дар як анбори таслиҳот, қасди ҳамла ба маркази шаҳристони Дарзобро доштанд, ки тавассути неруҳои таҷассусӣ, шиносоӣ ва бо шиллики дақиқи мушак ба маҳалли истиқрорашон, тамомии ононро ба ҳалокат расонданд.

Полковник Ризоӣ тасреҳ кард, аз ҷумлаи аъзои ин гурӯҳак 10 узбакистонӣ, 6 тоҷикистонӣ, 6 зодаи ҷумҳурии Чечени федератсияи Русия, 2 шаҳрванди Фаронса ва 3 зодаи кишварҳои дигари аврупоӣ буданд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони фирорӣ аз маҳалли даргириҳо дар Дарзоб гуфтаанд, ки дар ин авохир беш аз 200 тан аз аъзои ДИИШ ба устони Ҷузҷон омадаанд, ки аксарашон хориҷиҳо ҳастанд.

Мақомот ва маҳофили хабарии Афғонистон ва Русия, Амрико ва НАТО-ро дар истиқрори ДИИШ-иҳои шикастхӯрда дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ дар шимоли Афғонистон, дахил медонанд.