Ҳушдори муфтии Қазоқистон дар бораи тарвиҷи ифротгароӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i30833-Ҳушдори_муфтии_Қазоқистон_дар_бораи_тарвиҷи_ифротгароӣ
Серикбой Ораз, муфтии аъзами Қазоқистон ба кишварҳои исломӣ дар бораи сӯистифодаи душманон аз дини Ислом барои тарвиҷи ифротгароӣ ҳушдор дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 04, 2018 12:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори муфтии Қазоқистон дар бораи тарвиҷи ифротгароӣ

Серикбой Ораз, муфтии аъзами Қазоқистон ба кишварҳои исломӣ дар бораи сӯистифодаи душманон аз дини Ислом барои тарвиҷи ифротгароӣ ҳушдор дод.

Серикбой Ораз, муфтии аъзами Қазоқистон тайи суханронияш дар ҳамоиши уламои мусалмони Авруосиё дар Остона гуфт, набояд муноқишоти пешомада дар солҳои ахир дар кишварҳои минтақаро ба Ислом рабт дод.

Баргузории нишастҳо дар иртибот ба муаррифии ҷараёнҳои ифротӣ роҳҳои мубориза бо ин гурӯҳҳо дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла роҳи мубориза бо гурӯҳҳои террористие назири ДИИШ қаламдод мешавад. Дар ин гуна нишастҳо ҳамчунин далоили гароиши ҷавонони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба гурӯҳҳои террористӣ беш аз пеш мушаххас мешавад. Дар миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон бештарин ҳомиёни созмонҳо ва гурӯҳҳои ифротии вобаста ба фирқаи ваҳҳобият ва гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар ихтиёр дорад.

Идораи мусалмонони Қазоқистон дар соли гузашта иддао карда буд, ки муваффақ ба бозгардондани беш аз 180 ифротгаро ба самти Исломи воқеӣ шудааст. Дар ин замина Давлат Иброев, яке аз коршиносони машҳури Қазоқистон дар умури динӣ мегӯяд, фақру поин будани саводи динӣ дар миёни мардум, бахусус ҷавонон иллати аслии гароиш ба самти ифротгароӣ дар Қазоқистон аст. Ин коршиноси масоили динӣ бо баёни ин ки яке аз иллатҳои гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мушкилоти иҷтимоӣ аст, тасреҳ кард, бештари аъзои гурӯҳҳои ифротиро ҷавонони 25 то 35-солаи рустоӣ ташкил медиҳанд. Ин афрод дар хонаводаҳои фақир бузург шудаанд ва дар мадорису донишгоҳҳои олӣ омӯзиш надидаанду то замони зиндонӣ шудан низ шуғли собите надоштаанд.

Илова бар ин бархе ҷараёнҳои байналмилалӣ дар заминаи густаришу рушди ифротгароӣ ба аҳдофи гурӯҳҳои террористӣ доман мезананд ва мубаллиғи ин аҳдоф ҳастанд. Дар ин иртибот Шайх Райҳон Ризо Ҳодӣ, коршиноси мутолиоти исломӣ мегӯяд, расонаҳои ғарбӣ бо интишори матолиби нодуруст ва тарвиҷи исломҳаросӣ боиси ифротгароии ҷавонони ғарбӣ мешаванд. Ба гуфтаи Шайх Райҳон Ризо Ҳодӣ, "дар Қуръон шариф, ки китоби осмонии мусалмонон аст, ҳатто дар хусуси хӯрдану ошомидан низ амр ба миёнаравӣ ва парҳез аз ифротгароӣ шудааст".

Тамоми ин воқеиятҳо нишон медиҳад, ки мубаллиғи ифротгароӣ дар хориҷ аз ҷаҳони Ислом қарор дорад ва барномарезию ҳидояти ҷараёнҳои ифротию террористиро ба уҳда дорад. Дар муқобили ин ҷараёнҳои байналмилалӣ ҷаҳлу нодонӣ ва фақру бечорагии миллатҳои мусалмон қарор дорад. Ба иборати дигар, фақри моддӣ ва дониши нокофӣ аз ҷумлаи илали аслии гароиши ҷавонони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба самти ҷараёнҳои ифротгаро талаққӣ мешавад.