Март 05, 2018 13:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон бо Узбакистон дар заминаи моҳипарварӣ

Раисиҷумҳури Узбакистон аз ҳамкории Эрон бо он кишвар дар заминаи сохти муҷтамаи парвариши моҳӣ дар вилояти Навоии Узбакистон, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон рӯзи якшанбе дар чорчӯби сафар ба вилояти Навоии ин кишвар гуфт, дар ин вилоят бо ҳамкорӣ ва сармоягузории Эрон, муҷтамаи парвариши моҳӣ эҳдос мешавад.

Мирзиёев таъкид кард, дар ин муҷтама солона ҳудуди 10 ҳазор тон моҳӣ ва фаровардаҳои он тавлид хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Узбакистон бар лузуми иҷрои сареи ин тарҳ дар вилояти Навоӣ таъкид кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон рутбаи бистуми обзипарвариро дар ҷаҳон доро аст.