Март 06, 2018 10:43 Asia/Dushanbe
  • Дастури раисҷумҳури Қирғизистон дар бораи аломатгузории марз бо Тоҷикистон

Раисҷумҳури Қирғизистон дар дидор бо фармондеҳи нерӯи марзбонӣ ва масъули ҳукумат дар умури аломатгузории марзҳои ин кишвар дастур дод, раванди мушаххассозии марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон суръат гирад.  

Ба нақл аз дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Қирғизистон, Соронбой Жеенбеков дар дидор бо Авлорбек Шаршиев ва Қурбонбой Искандаров бар зарурати тасреъ дар раванди аломатгузории марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон таъкид кардааст.  

Дар дидори чанде қабли Эмомалӣ Раҳмон ва Соронбой Жеенбеков, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Душанбе низ бар зарурати шитоб гирифтани раванди аломатгузории марзи ин ду кишвари ҳамсоя таъкид шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки дар паи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ, танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.  

Ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Батканд аз ҷумлаи мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.

Имрӯз Тоҷикистон бахши умдаи сӯхт, гандуму орди мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ва аз роҳи замини Қирғизистон ворид мекунад ва ҳалли ихтилофоти марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя барои Душанбе аҳаммияте ҳаётӣ дорад.