Имзои даҳҳо тавофуқнома дар сафари Мирзиёев ба Душанбе
Раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе даҳҳо тавофуқнома ва санади ҳамкорӣ дар заминаи густариши муносиботи ду кишвар имзо карданд. Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳурҳои Тоҷикистон ва Узбакистон пас аз имзои ин тавофуқномаҳо бар иродаи ду кишвар барои густариши ҳарчи бештари муносиботи дуҷониба таъкид карданд.
Равобити Узбакистон ва Тоҷикистон аз ибтидои истиқлоли ду кишвар дар соли 1991 ҳамвора сарду тира буд. Бо вуҷуди ин пас аз марги Ислом Каримов, раисҷумҳури фақиди Узбакистон, ба назар мерасад, равобити сарди чандинсолаи Душанбе ва Тошканд рӯ ба беҳбуд аст. Қаблан бо вуҷуди лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои мухталиф, аз ҷумла чандин кишвари осиёӣ давлати Тошканд аз лағви раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон худдорӣ мекард. Дар ҷараёни сафари Шавкати Мирзиёев ба Душанбе ду тараф тавофуқномаи ҳазфи раводидро имзо карданд. Бар асоси ин тавофуқнома, шаҳрвандони ду кишвар ба муддати як моҳ метавонанд бидуни раводид ба кишварҳои якдигар сафар кунанд. То пеш аз ин он даста аз шаҳрвандони ду кишвар, ки дар наздикии марз зиндагӣ мекарданд, метавонистанд ба муддати панҷ рӯз ба Узбакистону Тоҷикистон сафар намоянд.
Дар ин шароит коршиносони сиёсӣ муътақиданд, аз равобити муташанниҷи Узбакистону Тоҷикистон, ки ангезаи сиёсӣ дошт, мардуми ҳарду кишвари ҳамсоя ранҷ мебурданд. Дар ин иртибот Пулод Охундов, коршиноси масоили сиёсии Узбакистон гуфтааст, дар ҳарду сӯйи марзи муштараки Узбакистону Тоҷикистон мардумоне зиндагӣ мекунанд, ки бо ҳам равобити қавмию хешӣ доранд. Бинобар ин далеле барои минагузории ин манотиқ ва барқарории муқаррароти раводид барои сафари ин афрод вуҷуд надорад. Аз тарафе лағви раводид метавонад мӯҷиби равнақи тиҷорати марзӣ ва гардишгарӣ миёни манотиқи ҳамарзи ин ду кишвар шавад. Дар ин замина Алӣ Мастов, таҳлилгари тоҷик низ таъкид кардааст, вуҷуди минаҳои кошташуда тавассути низомиёни Узбакистон дар манотиқи марзии Узбакистон бо Тоҷикистон, ҳамчунин ихтилофи ин ду кишвар бар сари нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" монеи ҷиддие дар роҳи оддисозии равобити Тошканду Душанбе аст, ки бо вуҷуди умедвории мақомҳои ин ду кишвари ҳамсоя барои беҳбуди муносиботи дуҷониба ҳеҷ пешрафте дар ин замина мушоҳида намешавад.
Дар як ҷамъбандии куллӣ аз сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон метавон гуфт, имзои ин асноди муҳими ҳамкориҳои ду кишвар, ки метавонад бар равобити дуҷонибаи Тошканду Душанбе таъсироти мусбате бар ҷой бигузорад, реша дар ислоҳоти раисҷумҳури Узбакистон дорад. Дар воқеъ, дар идомаи барномаи ислоҳоти давлати Тошканд Мирзиёев ҳалли мушкилот бо кишварҳои ҳамсояро дар дастури кор қарор додааст. Дар ин замина бадеҳист, ки барандаи ҳалли ихтилофҳои мақомҳои сиёсии Душанбе ва Тошканд мардуми мусалмони Тоҷикистону Узбакистон хоҳад буд.