Март 12, 2018 10:50 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии саҳифаи ахбори тоҷикӣ дар сомонаи Вазорати умури хориҷаи Узбакистон

Дар сомонаи расмии Вазорати умури хориҷаи Узбакистон нахустин бор саҳифаи ахбор ба забон форсии тоҷикӣ ба хати сириллик роҳандозӣ шуд.

Ба нақл аз сомонаи вазорат, дар саҳифа ахбори марбут ба нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон ва созишномаи имзошуда дар поёни дидорҳои ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш мунташир шудааст.

Вазорати умури хориҷаи Узбакистон ҳадаф аз роҳандозии саҳифаи ахбори тоҷикиро дар сомонаи хеш ошноии хонандагони тоҷик бо рӯйдодҳои сиёсии Узбакистон эълом кардааст.

Саҳифаи ахбори тоҷикӣ дар сомонаи вазорат бо мусоидати кормандони рӯзномаи тоҷикзабони “Овози Тоҷик”, нашрияи расмии ҳукумат ва Маҷлиси намояндагон ин кишвар, ки аз соли 1924 мунташир мешавад, роҳандозӣ гардидааст.

Хилватшоҳи Маҳмуд, коршиноси тоҷик муътақид аст, ки роҳандозии саҳифаи ахбори тоҷикӣ ба маънии азми ҷиддии Тошканд барои беҳбуди равобит бо Тоҷикистон аст.

Қаблан дар сомонаи Вазорати умури хориҷаи Узбакистон ахбори мухталиф танҳо ба забонҳои узбакӣ, русӣ ва англисӣ мунташир мешуд.