Қазоқистон дувумин шарики иқтисодии Тоҷикистон
Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон гуфт, Қазоқистон дар миёни шарикони хориҷии иқтисодии Тоҷикистон рутбаи дувумро аз они худ кардааст.
Ба гузориши сомонаи Вазорати хориҷаи Қазоқистон, Нурлан Сейтимов дар остонаи сафари расмии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қазоқистон афзуд, дар соли гузаштаи 2017 ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар 776 миллион доллар буд, ки дар муқоиса бо соли 2016 -ум 31,5 дарсад бештар аст.
Вай дар як нишасти хабарӣ дар Вазорати хориҷаи Қазоқистон изҳор дошт, бештари маҳсулоти содиротии Қазоқистон ба Тоҷикистонро нафт, мошин, лавозими хонагӣ, таҷҳизоти роҳи оҳан ва автобусҳои шаҳрӣ дар бар мегирад.
Ҳамчунин ба гуфтаи сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон, байни ду кишвар қарордоде дар мавриди фурӯши локомотив ба имзо расидааст.
Қазоқистон ва Тоҷикистон аз соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор карда ва муносиботи дӯстона бо ҳам доранд.