Август 29, 2016 11:58 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Узбакистон дар бемористон

Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии 78 солаи Узбакистон дар бемористон бистарӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, давлати Узбакистон рӯзи якшанбе дар баёнияе аз бистарӣ шудани Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар бемористон хабар дод.

Дар баёнияи давлати Узбакистон ба ҷузъиёти бемории раиси ҷумҳурии ин кишвар ишорае нашудааст, аммо расонаҳои Узбакистон эълом кардаанд, Лео Бокериё, беҳтарин пизишки ҷарроҳи қалби Русия, ки шӯҳрате ҷаҳонӣ дорад, барои мудовои раиси ҷумҳурии Узбакистон озими Тошканд шудааст.

Торнамои "Фарғона.ру" эълом кард, ки Каримов бар асари сактаи қалбӣ ба бемористон мунтақил шудааст.

Дар баёнияи давлати Узбакистон омадааст, пизишкон дар ҳоли расидагӣ ба вазъи ҷисмии раиси ҷумҳурӣ ва дармони комили вай ҳастанд ва дармони ӯ ба замони мушаххасе ниёз дорад.

Ислом Каримови 78 сола беш аз 25 сол аст, ки дар Узбакистон дар маснади қудрат қарор дорад.