Сафари бидуни визаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон - ҳафтаи оянда
(last modified Thu, 15 Mar 2018 05:22:10 GMT )
Март 15, 2018 10:22 Asia/Dushanbe
  • Сафари бидуни визаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон - ҳафтаи оянда

Раисҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи Созишномаи сафари бидуни виза (раводид)-и шаҳрвандон ба муддати як моҳ ба Ӯзбакистонро барои тасвиб ба маҷлиси қонунгузории ин кишвар тақдим кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли ин тарҳи созишнома ба Маҷлиси намояндагони кишвараш барои ҳарчӣ зудтар тасвиб шудани он талош мекунад.

Созишномаи сафари бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба муддати як моҳ ба кишварҳои якдигар? рӯзи 9 –уми марти соли ҷорӣ, дар ҷараёни дидор ва гуфтугӯҳои Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон бо Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

Бар асоси ин созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон метавонанд бидуни раводид ба муддати як моҳ ба кишварҳои якдигар сафар кунанд.

Аммо амалӣ шудани ин созишнома ниёзманди тасвиб дар парлумонҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аст.

Бо ин ҳол, як манбаъ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳафтаи оянда ин созишнома ба тасвиби парлумони ин кишвар хоҳад расид.

Феълан то тасвиби ин созишнома дар парлумонҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, танҳо сокинони манотиқи марзии ин ду кишвар метавонанд бидуни раводид ба муддати 5 рӯз ба кишварҳои якдигар сафар кунанд.

Коршиносон тавофуқ бар сари сафари бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба муддати як моҳ ба кишварҳои якдигарро аз муҳимтарин дастовардҳои нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Душанбе арзёбӣ мекунанд.

Бар асоси имзои Шавкат Мирзиёев, дастури иҷро шудани сафари бидуни визаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбакистон аз рӯзи 16-уми март оғоз мешавад ва акнун навбати Тоҷикистон аст, ки барои шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ин муқарраротро ба ҳукми иҷро дарорад.