Март 15, 2018 14:24 Asia/Dushanbe

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон ҳамтои тоҷики худро бо додани як нишони давлатӣ, ғофилгир кард.

Ба гузориши «Спутник», Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон шомгоҳи чаҳоршанбе ба ҳамтои худ - Эмомалӣ Раҳмон нишони «Фаросат» ҳадя дод.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар тӯли ин солҳо ба шарофати раҳбарони ду кишвари Қазоқистон ва Тоҷикистон байни ду кишвар дӯстӣ, ҳамкорӣ ва эътимод ба вуҷуд омадааст.

Назарбоев ба сабаби нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими дӯстӣ байни ду кишвари Қазоқистон ва Тоҷикистон ва ба хотири хирад ва муҳаббати ӯ ба Қазоқистон, нишони «Фаросат»-ро ба ҳамтои тоҷики худ тақдим кард.

Раҳмон низ дар посух бо баёни ин ки аз дарёфти нишон ғофилгир шудааст, аз тарафи халқи тоҷик ва аз номи худ барои бахшидани нишони «Фаросат» сипосгузорӣ кард ва онро на саҳми худ, балки саҳми халқи тоҷик донист.

 Нишони «Фаросат» ҳадяи давлатии Қазоқистон аст, ки аз соли 1993 тақдим мешавад.