Март 17, 2018 12:27 Asia/Dushanbe
  • Ӯзбакистон шодтарин кишвар дар ИДМ

Ӯзбакистон шодтарин кишвар дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ ё Ҷомеаи Ҳамсуд) шинохта шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Тошканд, ин мақом бар асоси таҳқиқоти “Бунёди роҳи ҳалҳои тавсеаи пойдор” таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ба Ӯзбакистон дода шуд.

Финляндия, Норвегия, Дания, Исландия, Швейтсария, Нидерландия, Канада, Зелландияи Нав, Шветсия ва Австралия дар ин раддабандӣ дар байни 10 кишвари аввали дунё қарор гирифтанд.

Ӯзбакистон дар байни 156 кишвар мавқеияти худро нисбат ба соли гузашта беҳбуд бахшида ва дар мақоми 44-ум қарор гирифтааст.

Ӯзбакистон монанди соли гузашта дар байни кишварҳои ИДМ ва тамоми ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ дар мақоми аввал қарор гирифтааст.

Бар асоси ин таҳқиқ, Русия рутбаи 59-ум, Қазоқистон 60, Тоҷикистон 80 ва Қирғизистон рутбаи 92-юмро касб кардаанд.

Гузориши ҷаҳонии “Хушҳолтарин кишварҳо” аз соли 2012 –и мелодӣ ҳар сол тавассути “Бунёд роҳи ҳалҳои тавсеаи пойдор” ба сарпарастии СММ мунташир мешавад.

Ин созмон дар таҳияи раддабандии ёдшуда, шохисҳое монанди даромади миллии сарона, тӯли умр, озодии шаҳрвандон, пешрафти иҷтимоӣ, сатҳи фасод ва ҳамчунин натиҷаи назарсанҷиҳои афкори умумиро дар назар мегирад.