Нишасти сарони Осиёи Марказӣ дар бораи терроризм ва ифротгарӣ
Сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ таи нишасте дар Остона, пойтахти Қазоқистон, роҳкорҳои муқобила бо террроризм ва ифротгарӣ дар минтақаро баррасӣ карданд.
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон 15 март дар нишасти сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Остона бо ибрози нигаронӣ аз шароити амниятии минтақа гуфт:
“Ҳамкории ниҳодҳои амниятии кишварҳои минтақа барои мубориза бо терроризм ва ифротгарӣ зарурӣ аст”.
Назарбоев дар ин иҷлос бо ишора ба иродаи Қазоқистон барои густариши ҳамкорӣ бо ҳамсоягонаш гуфт:
“Остона барои эҷоди зерсохтҳои транзитӣ дар ҳамлу нақли маҳмулаҳо аз тариқи Қазоқистон то Чин, Халиҷи Форс ва Русия ва Аврупо талош хоҳад кард”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ гуфт:
“Чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ, ифротгарӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷароими созмонёфтаи фаромиллӣ эҷоб мекунад, то кишварҳои минтақа бо нишон додани вокуниши сареъ, созу корҳои асарбахшро дар баробари ин таҳдидот ба кор бубаранд”.
Нигоҳе ба изҳороти мақомоти ҳозир дар ин иҷлос нишон медиҳад, ки онҳо дар мавзуи ҳамкории минтақаӣ иттифоқи назар доранд, аммо ҳар як аз зовияи дид ва бинобар авлавиятҳо ва нигарониҳои худ қасд дорад, ин ҳамкориро пайкарабандӣ, созмондеҳӣ ва таъриф кунанд.
Дар ин миён бар сар ончи беш аз ҳама вифоқи умумӣ вуҷуд дорад, амният ба мафҳуми оми калима дар минтақа ва терроризм аст.
Вуҷуди манобеи энержӣ дар бархе кишварҳои минтақа ва мавқеияти геополитикӣ бистари нуфузи иқтисодии бозигарони хориҷиро дар минтақа фароҳам кардааст.
Мавзуе, ки Омина Шерхонӣ, коршиноси минтақа иллати онро чунин унвон кардааст:
“Имрӯза амният аз буъди маҳдуди низомӣ хориҷ ва ашколи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, зистмуҳитӣ ба худ гирифтааст ва набуди амният дар як минтақа метавонад бар абъоди амнияти ҷаҳонӣ таъсиргузор бошад”.
Вазъияте, ки сабаби нигоҳи мутафовити ҳар як аз ҷумҳуриҳои минтақа ба мақулаи амният шуда ва бар талоши онҳо барои барқарории амният дар минтақа афзудааст.