Август 29, 2016 14:47 Asia/Dushanbe
  • Бемории Ислом Каримов титри яки расонаҳои Осиёи Марказӣ

Бистарӣ шудани Ислом Каримови 78 -сола, раиси ҷумҳурии Узбакистон дар бемористон, титри аввали расонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон шудааст.

Бисёре аз сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаргузориҳо хабари бемории Ислом Каримовро эълом карда, вале дар мавриди навъ ва шиддати бемории вай матолиби мутафовите мунташир кардаанд.

Баъзе аз расонаҳо бемории вайро шадид ва аз навъи сактаи қалбӣ ё мағзӣ эълом карда ва бархе ҳам навиштаанд, Каримов бо ин беморӣ қодир ба идомаи ҳукуматдорӣ нахоҳад буд.

Ислом Каримов дар ҳоле дар бемористон бистарӣ шуда, ки 31 август дар Узбакистон ба риволи ҳарсола ҷашни истиқлол баргузор мешавад.

Ин аввалин бор аст, ки давлати Узбакистон дар бораи бемории Ислом Каримов иттилоърасонӣ кардааст.

Муҳлати давраи феълии раёсати ҷумҳурии Каримов соли 2021 ба поён мерасад.

 

Барчасп