Март 25, 2018 14:45 Asia/Dushanbe
  • Оғози интихоботи парлумонӣ дар Туркманистон

Интихоботи парлумонӣ дар Туркманистон аз субҳи имрӯз дар саросари ин кишвар оғоз шуд.

Дар маҷмуъ, 284 номзад барои касби 125 курсии парлумон бо якдигар дар интихоботи парлумонии Туркманистон, ки соати 14 имрӯз поён меёбад, рақобат мекунанд.

Сардорбердӣ Муҳаммадови 36 сола, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон аз ҷумлаи номзадҳои ин интихобот аст.

Тибқи Қонуни асоссии Туркманистон, ки соли 2016 бахусус барои афзоиши давраи раёсатҷумҳурӣ аз 5 сол ба 7 сол ислоҳ шуд, раисҷумҳур ҳамзамон нақши раисҷумҳур ва нахуствазирро бар уҳда дорад. Дар сурати нотавонӣ раиси парлумон метавонад ҷойгузини раисҷумҳур шавад.     

 

 

Барчасп