Март 27, 2018 19:18 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон - омодаи миёнҷигарӣ байни давлати Афғонистон ва Толибон

Узбакистон дар нишасти байналмилалии таъмини амнияти Афғонистон дар Тошканд пешниҳоди мизбонии музокироти сулҳ байни давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибонро матраҳ кард.

Ба гузориши “Рейтерз”, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар ин конфронс дар ҳузури раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ гуфт: «Мо омодаи фароҳам кардани шароити матлуб дар ҳар марҳалае аз раванди сулҳ ба манзури созмондиҳии музокироти мустақим дар хоки Узбакистон байни давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон ҳастем». Бар асоси ин гузориш, Узбакистон дар чорчӯби сиёсати дарҳои боз, ки раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар пеш гирифтааст, ба дунболи тақвияти ҷойгоҳи байналмилалии худ ва ҷазби сармояҳои хориҷӣ пас аз солҳо инзивоъ аст.

Нишасти байналмилалии таъмини амнияти Афғонистон бо ҳузури дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, масъули равобити байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ва вазирони умури хориҷии 17 кишвари ҷаҳон, шомили Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Чин, Бритониё, Олмон, Италия, Фаронса, Туркия, Ҳинд, Покистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Арабистон, Аморот, Қатар ва ҳамчунин муовини вазири умури хориҷии Амрико дар ҳоли баргузорӣ аст.

Атабек Акбаров, раиси идораи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёнаи Вазорати умури хориҷии Узбакистон эълом кард, ҳадаф аз баргузории ин конфронси байналмилалии дурӯза оғози ҳарчи сареътари музокироти бидуни пешшарт миёни давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон аст. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, гурӯҳи Толибон дар ин конфронси байналмилалӣ ҳузур надорад.