Эътисоби ронандагони васоили ҳаму нақли умумӣ дар Бишкек
(last modified 2018-04-03T06:07:37+00:00 )
Апрел 03, 2018 11:07 Asia/Dushanbe
  • Эътисоби ронандагони васоили ҳаму нақли умумӣ дар Бишкек

Эътисоби рӯзи душанбеи ронандагони васоили ҳаму нақли умумӣ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, мушкилоти фаровонеро барои сокинони ин шаҳр эҷод кард.  

Ба гузориши Форс, рӯзи гузашта дар пойтахти Қирғизистон ба далели эътисоби ронандагони васоили ҳаму нақли умумӣ шаҳрвандон натавонистанд ба маҳалли кори худ бирасанд. Ронандагони муътариз хоҳони ҳазфи бимаи иҷборӣ ва афзоиши кирояҳо ҳастанд.  

Шаҳрдории Бишкек ба тозагӣ ба далели афзоиши нақзи қавонини ронандагӣ бо ронандагон бархурди ҷиддӣ карда ва қавонини дарёфти муҷаввиз, бима ва ғайраро ташдид кардааст, мавзуе, ки бо эътирози ронандагон рӯ ба рӯ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, музокира байни ронандагон ва масъулони шаҳрдории Бишкек барои ҳалли ихтилофот оғоз шудааст.