Апрел 03, 2018 14:07 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти зиндон барои муттаҳамони узви ДИИШ дар Узбакистон

Додгоҳи устони Намангон дар шарқи Узбакистон, 8 шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми узвияти дар ДИИШ 6 то 14 сол зиндон маҳкум кард.

Ба нақл аз Новости, ин 8 нафар аз сокинони ноҳияи Турақурғон ҳастанд, ки ҷурмашон иғфоли шаҳрвандони Узбакистон барои сафар ба Сурия ва узвият дар ДИИШ аст.  

Дар паи ифшои фаъолияти махфиёнаи ин гурӯҳ, аз эъзоми 30 шаҳрванди Узбакистон ба ҷанги Сурия ва пайвастани онҳо ба ДИИШ ҷилавгирӣ шудааст.

Пеш аз ин, додгоҳи вилояти Фарғона фарде бо номи Абдулбосит Аҳмадҷоновро ба иттиҳоми ширкат дар ҷанги Сурия 15 сол равонаи зиндон кард.