Апрел 04, 2018 10:06 Asia/Dushanbe

Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон муваффақ ба эҷоди оромиш пас аз як даргирӣ дар хати марзи муштарак шуданд.

Рӯзи гузашта (сешанбе) сокинони рустоҳои Хоҷаи Аъло дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Уч-Добо дар ноҳияи Ботканди Қирғизистон тайи як даргирӣ ба сӯйи якдигар санг партоб карда буданд.

Сабаби ин даргирӣ иқдоми як шаҳрванди зани қирғизистонӣ дар сохтани деворе дар нуқтаи мавриди ихтилофи марзӣ ва эътирози шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кор буд.

Ба гуфтаи манобеи хабарии Тоҷикистон, дар ин даргирӣ, ки ҳудуди 50 нафар аз ҳар ду тараф ширкат доштанд, як марзбони тоҷик бар асари партоби санг захмӣ шуд.

Аммо сомонаи “Турмуш”-и Қирғизистон теъдоди ҳозирин дар саҳнаи даргириро беш аз 100 нафар эълом карда, аз бистарӣ шудани як шаҳрванди ин кишвар бар асари ҷароҳатҳои ворида дар бемористон хабар додааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки 472 километри он ҳанӯз аломатгузорӣ ва мушаххас нашудааст.

Дар тӯли беш аз 30 соли гузашта даҳҳо мавриди даргирии лафзӣ ва физикӣ миёни сокинони манотиқи марзии ду кишвар рух дода, ки теъдоде кушта ва захмӣ барҷой гузоштааст.

Бо вуҷуди раванди тӯлонии музокирот миёни Душанбе ва Бишкек ҳанӯз масоили марзӣ миёни ин ду кишвари ҳамсояи Осиёи Марказӣ ҳаллу фасл нашудааст.