Апрел 05, 2018 09:34 Asia/Dushanbe
  • Имзои қарордоди ҳамкорӣ байни Ӯзбакистон ва Созмони Ҳамкории Шанхай

Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон тавофуқномаи ҳамкорӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро дар заминаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, тавофуқномаи ҳамкории Ӯзбакистон ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм рӯзи чаҳоршанбе тавассути Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон имзо шуд.

Тавофуқномаи ҳамкориҳои Ӯзбакистон бо СҲШ дар заминаи мубориза бо ифротгароӣ ҳафтаи гузашта дар чаҳордаҳумин нишасти маҷлиси ин кишвар тасвиб шуда буд.

Ин тавофуқнома 9-уми июни соли 2017 байни ду тараф имзо шуда буд.

Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони байнидавлатӣ аст, ки 15-уми июни соли 2001-и мелодӣ дар Шанхайи Чин аз сӯйи Қазоқистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон таъсис шуд ва июли 2015 Ҳинд ва Покистон низ узви ин созмон шуданд.

Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.