Апрел 05, 2018 20:02 Asia/Dushanbe
  • Тасмими зидди фасоди раисиҷумҳури Қирғизистон

Раисиҷумҳури Қирғизистон бо ҳадафи мубориза бо фасод, ҳузури ширкатҳои мутааллиқ ба мақомотро дар муноқисаҳои давлатӣ, мамнуъ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сооронбай Жээнбеков дар ҷаласаи ҳайати давлати ин кишвар, зимни таъкид бар идомаи ислоҳи қавонин, бо судури ҳукме ҳузури ширкатҳои мутааллиқ ба мақомотро дар муноқисаҳои давлатӣ, мамнуъ эълом кард.

Ин ҳукм бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши фасод дар ниҳодҳои давлатӣ содир шуд.

Пеш аз ин чунон чӣ мақомоти давлатӣ 20 дарсади саҳоми ширкатеро доштанд, ба осонӣ метавонистанд дар муноқисаҳо ширкат кунанд.

Дар ҳоли ҳозир на фақат мақомоти давлатӣ, балки аъзои хонаводаи онон низ ҳаққи ширкат дар муноқисаҳои давлатиро надоранд ва бо ҳаргуна талош барои нақз ин қонун ба шиддат бархурд мешавад.

Қонуни манъи ҳузури мақомоти давлатӣ дар муноқисаҳо, аз рӯзи панҷшанбе (5-уми апрел) қобили иҷро аст.