Апрел 07, 2018 21:23 Asia/Dushanbe
  • Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон барканор шуд

Раисиҷумҳури Қирғизистон дар ҳукме, раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишварро барканор кард.

Сооронбой Ҷеенбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон соате пеш Абдил Сегизбоев, раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишварро барканор кард.

Ин ҳукмро раисиҷумҳур пас аз ширкат дар маросими ёдбуди қурбониёни инқилоби соли 2010 имзо кард.

Далели аслии барканори Сегизбоев тавассути раисиҷумҳури Қирғизистон токунун мушаххас нашудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, густариши фасод дар дастгоҳҳои мухталифи Қирғизистон аз як тараф ва аз сӯи дигар раисиҷумҳури ин кишвар дар ҳоли тағйир ва таҳаввул дар дастгоҳҳои амниятӣ ва иҷроӣ аст, то битавонад ба осонӣ бар умури марбута тасаллути комил дошта бошад.

Мақомоти мазкур дар кодри раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон будаанд ва метавонанд барои Сооронбой Ҷеенбеков, раисиҷумҳури мунтахаби ин кишвар мушкилотеро эҷод кунанд.

Токунун аз тарафи дафтари раёсатҷумҳурии Қирғизистон раиси ҷадиди Кумитаи амнияти миллӣ, муаррифӣ нашудааст.